TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 915 subscribers
Post #16369 78
Дар чанд маҳаллаи Душанбе имрӯз интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мешавад

Дар пайи боришоти зиёд дар ҳавзаи дарёи Варзоб оби дарё тира шудааст. Ба ҳамин далел, имрӯз 6 октябр, дар бархе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора КВД «Душанбеводоканал» хабар медиҳад.

Дар ноҳияи Сино маҳаллаҳои 10–15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104 ва 112, инчунин Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳоти Боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамшикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Ғиждалобод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам ба маҳдудият дучор мешаванд.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хоҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира муваққатан бо ҳаҷми пурра об таъмин намешаванд.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ маҳдудият ба кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24 дахл мекунад.

КВД «Душанбеводоканал» мегӯяд, ки интиқоли пурраи оби нӯшокӣ пас аз ба эътидол омадани сифати об дар манбаи обгирӣ барқарор карда мешавад.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 6, 2026Нархи сабзӣ дар Тоҷикистон 44 дарсад боло рафт Дар авоили моҳи октябр нархи як килограмм с…
  2. Oct 6, 2026🚔 В Душанбе предотвратили распространение психотропного вещества: изъято 1124 капсулы 💊…
  3. Oct 6, 2026⚡️ В Хатлоне обсудили меры по снижению потерь электроэнергии 🏢 В Кулябе и Бохтаре прошло…
  4. Oct 6, 2026📌 OpenAI внедрит невидимую маркировку для текстов ChatGPT в Евросоюзе 🤖 OpenAI начнёт до…
  5. Oct 6, 2026🌧️ Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 10 дараҷа сард мешавад Аз 5–6 октябр дар аксари ноҳияҳ…
  6. Oct 6, 2026📌 Морковь в Таджикистане подорожала на 44% — килограмм продают по 7–8 сомони 🥕 В начале…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →