Гирифтани иҷозатнома барои истгоҳҳои пуркунии мошинҳои барқӣ ҳатмӣ шуд
Дар Тоҷикистон фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ба қатори фаъолиятҳое ворид шудааст, ки барои анҷоми он гирифтани иҷозатномаи махсус зарур аст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин талабот тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, №593 «Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқа, қабули огоҳиномаҳо» муқаррар шудааст.
Соҳибкорон ва ширкатҳое, ки аллакай тавассути истгоҳҳои пуркунии мошинҳои барқӣ неруи барқ мефурӯшанд ё мехоҳанд чунин фаъолиятро оғоз кунанд, бояд аз Вазорати энергетика ва захираҳои об иҷозатномаи махсус гиранд.
Барои гирифтани иҷозатнома зарур аст, ки довталабон ба сомонаи ijozat.mewr.tj ворид шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шаванд ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд.
Вазорат аз соҳибкорон даъват кардааст, ки фаъолияти худро сари вақт ба талаботи нав мутобиқ намуда, иҷозатномаи дахлдор гиранд.
☎️ Телефон барои маълумот: 235-98-51
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16314
67