Ноболиғи 11-сола барои дурӣ аз таҳсил аз волидонаш гирифта шуд
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як ноболиғи 11-сола М. Ф.-ро, ки чандин маротиба ҳангоми оворагардӣ ва талбандагӣ ошкор шудааст, ба шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас кардаанд.
Зимни санҷиш муайян шудааст, ки духтар аз таҳсил дур монда, ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғул шудааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ сабаби ин ҳолатро ба муносибати бемасъулиятонаи волидон ба таълиму тарбияи фарзанд рабт медиҳанд.
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба волидони ноболиғ муқаррароти моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шудааст.
Бар асоси қарори суд, кӯдак аз волидонаш гирифта шуда, барои таҳсил ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор» дар шаҳри Душанбе фиристода шудааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ аз падару модарон ва дигар шаҳрвандон даъват кардаанд, ки ба масъалаҳои таълиму тарбияи ноболиғон беэътиноӣ накунанд.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16296
55