Боздошти як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ бо гумони одамкушӣ
Кормандони милитсияи ноҳияи Муъминобод як сокини 28-солаи деҳаи Дӯстиро бо гумони куштори ҳамдеҳааш боздошт кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 25 сентябри соли 2026, тахминан соати 18:00, дар маркази деҳаи Дӯстӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, Ҳабибулло Хайруллои 28-сола аз рӯи хусумати қаблӣ бо Бобохони Зарифзоди 26-сола муноқиша кардааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, Бобохони Зарифзод ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Дар ҷараёни муноқиша, гумонбаршуда бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синаи ӯ зарба задааст. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса аз ҷароҳати бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Ҳабибуллои Хайрулло бар асоси қисми 1-и моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тафтиши парванда идома дорад.
📲 Your.tj в ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16263
75