TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 903 subscribers
Post #16234 62
🇹🇯🇰🇬 Дар Суғд густариши ҳамкорӣ бо Бодкандро баррасӣ карданд

28 сентябр раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода намояндаи комилҳуқуқи президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Мамирҷон Раҳимовро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни минтақаҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба таҳкими эътимод, густариши робитаҳои байни минтақаҳои ҳаммарз ва фароҳам овардани замина барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» рӯзҳои 28–30 сентябр дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад. Дар он намояндагони минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва истифодаи имкониятҳои водии Фарғонаро баррасӣ мекунанд.

Дар доираи форум масъалаҳои рушди устувор, иқтисод ва саноат, ҳифзи муҳити зист, эътимоди минтақавӣ, инчунин ташаббусҳои ҷавонон ва занон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Sep 28, 2026📌 ЕБРР направит €32 млн на модернизацию канализации Худжанда 🚰 Европейский банк реконстр…
  2. Sep 28, 2026📌 Токаев сменил министра обороны Казахстана после гибели 14 военных на Каспии 🇰🇿 Презид…
  3. Sep 28, 2026📌 В Кулябском университете обсудили цифровые технологии в преподавании языков 📚 В Кулябс…
  4. Sep 28, 2026Post #16232
  5. Sep 28, 2026📌 Таджикистан завершил шахматную Олимпиаду победами: Шарифов выполнил третью норму IM ♟ С…
  6. Sep 28, 2026📌 Кормандони толорҳои зебоӣ дар Тоҷикистон бояд аз ташхиси ВНМО гузаранд Дар Тоҷикистон к…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →