TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 903 subscribers
Post #16230 64
📌 Кормандони толорҳои зебоӣ дар Тоҷикистон бояд аз ташхиси ВНМО гузаранд

Дар Тоҷикистон кормандони толорҳои зебоӣ ва дигар марказҳои хизматрасонии соҳаи зебоӣ, ки мустақиман ба мизоҷон хизмат мерасонанд, бояд аз ташхиси ВНМО гузаранд ва маълумотномаи натиҷаи ташхис дошта бошанд.

Ин талабот тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон №592 аз 28 августи соли 2026 муқаррар шудааст ва ҳоло амал мекунад.

Талабот ба ороишгари нохунҳо, мутахассисони ислоҳи абрӯ, тозакунии рӯй ва бадан, инчунин мутахассисони холкӯбӣ (татуаж) ва пирсинг дахл дорад. Бе маълумотномаи дахлдор ба кор роҳ додани онҳо манъ аст.

Ташхиси ҳатмии ВНМО барои бархе гурӯҳҳои дигар низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои шахсони гирифтори ВНМО, шахсони ҷарроҳишуда ё хунгузаронида, истеъмолкунандагони маводи нашъаовар тавассути сӯзандору, кӯдаконе, ки аз модарони гирифтори ВНМО таваллуд шудаанд ва кормандони соҳаи тиб.

Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки издивоҷ карданӣ ҳастанд, низ ташхиси ВНМО ҳатмӣ мебошад. Ин меъёр соли 2016 ба Кодекси оила ворид шуда буд.

Барои навхонадорон ташхис дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ройгон гузаронида мешавад.

Барои донорҳои хун ва дигар маводи биологӣ низ ташхис ройгон аст.

Муҳлати додани маълумотнома низ тағйир ёфта, аз 10 рӯзи корӣ ба 5 рӯз кам шудааст.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, то 1 сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 45 нафар гирифтори ВНМО ба қайд гирифта шуда буданд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Sep 29, 2026📌 Рамазон Рахимзода призвал военнослужащих внутренних войск учить языки и больше читать �…
  2. Sep 29, 2026📌 «Додо Пицца» сообщила об утечке данных десятков миллионов клиентов по всему миру 🍕 Хак…
  3. Sep 29, 2026💡 Имрӯз дар се ноҳияи Душанбе барқ муваққатан қатъ мешавад Имрӯз, 29 сентябр, аз соати 09…
  4. Sep 29, 2026📌 В Душанбе 29 сентября в трёх районах временно отключат свет 💡 Сегодня, 29 сентября с 0…
  5. Sep 28, 2026📌 ЕБРР направит €32 млн на модернизацию канализации Худжанда 🚰 Европейский банк реконстр…
  6. Sep 28, 2026📌 Токаев сменил министра обороны Казахстана после гибели 14 военных на Каспии 🇰🇿 Презид…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →