💡 Имрӯз дар се ноҳияи Душанбе барқ муваққатан қатъ мешавад
Имрӯз, 29 сентябр, аз соати 09:00 то 17:00 дар баъзе минтақаҳои Душанбе интиқоли нерӯи барқ ба сабаби корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ муваққатан қатъ карда мешавад.
📍 Ноҳияи Исмоили Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ, 98–110, кӯчаҳои Холова, Сурхоб, Раҳимова, Телман, Саҳбо, инчунин маҳаллаҳои Хоҷанбиёи боло ва Анзоб.
📍 Ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Ҳусейнзода, Бухоро, Рӯдакӣ, Истаравшан, маҳаллаҳои Соҳибкорон ва Деҳқонобод.
📍 Ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Сомон, Гулпарвар ва Сарикиштӣ.
🔧 Пас аз анҷоми корҳои таъмирӣ интиқоли нерӯи барқ дар минтақаҳои мазкур барқарор карда мешавад.
📲 Your.tj в ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16238
60