🇺🇿 Дар Узбекистон барои зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон ҳабси якумрӣ пешниҳод шуд
Дар Узбекистон пешниҳод шудааст, ки барои зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон ҷазои ҳабси якумрӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин бора Шаҳноза Мирзиёева, муовини аввали директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, агентӣ якҷо бо ниҳодҳои давлатӣ дар чанд моҳи охир пешниҳодҳо барои тақвияти ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро таҳия кардааст. Маҷмӯи пешниҳодҳо аллакай барои баррасӣ ирсол шудааст.
Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки масъулияти волидон барои иҷро накардани вазифаҳои нигоҳубин ва тарбияи фарзандон ва масъулияти кормандони соҳаи маориф барои зӯроварӣ ё таҳқири кӯдакон пурзӯр карда шавад.
Ин пешниҳодҳо пас аз як ҳодиса дар кӯдакистони вилояти Намангон садо доданд. Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, мудири анбори яке аз кӯдакистонҳо ба зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба як духтари панҷсола гумонбар шуда, боздошт шудааст. Тафтишот идома дорад.
📲 Your.tj в ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16225
36
