МУЛОҚОТИ ВАЗИР БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ
28-уми сентябри соли 2026, Хоруғ. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ гардид.
Дар ин замина, татбиқи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», ки дар доираи он 27-уми сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои хурди обӣ, офтобӣ ва бодӣ, ба истифода дода шуданд, ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ арзёбӣ гашт.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об баён намуданд.
✅@mewrtj
Post #4198
111

- 🤝 1