ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ЗЕРИСТГОҲИ «ШАРИФОБОД»
Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо оғози корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Шарифобод» шинос шуд.
Зеристгоҳи мазкур яке аз иншооти муҳими инфрасохтори энергетикии вилоят ба ҳисоб рафта, барои қабул, интиқол ва тақсимоти боэътимоди энергияи барқ дар шабакаи минтақавӣ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи иттилоъ, зеристгоҳи «Шарифобод» ҳамчун маркази муҳими гиреҳии шабакаи барқӣ ба пайваст намудани хатҳои интиқоли барқ, танзиму тақсимоти иқтидор ва беҳтар намудани идоракунии ҷараёни энергияи барқ дар самтҳои гуногуни шабака мусоидат хоҳад кард.
Сохтмони иншоот дар доираи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори энергетикӣ ва таҳкими шабакаҳои барқӣ дар вилоят амалӣ шуда, ба баланд бардоштани устуворӣ, эътимоднокӣ ва сифати таъминоти энергияи барқ мусоидат менамояд.
Зеристгоҳи нав ҳамчунин барои фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои содироти энергияи барқ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Зимни шиносоӣ бо рафти оғози корҳои сохтмонӣ ба масъулин оид ба риояи талаботи меъёрҳои техникӣ, сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таъмини иҷрои саривақтии марҳилаҳои пешбинишудаи лоиҳа дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.
✅@mewrtj
Post #4176
156