«ТГЭМ» сохтмони роҳи Сайидон — Лабиҷарро дар соҳили обанбори Роғун оғоз мекунад
ҶСК «ТГЭМ» барои сохтмони роҳи автомобилгарди Сайидон - Лабиҷар дар соҳили чапи обанбори НБО «Роғун» бо дарозии умумии 51,4 километр (40,8 км роҳи асосӣ ва 10,6 км роҳҳои даромадгоҳӣ) шартнома ба имзо расонид.
Лоиҳа аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) маблағгузорӣ шуда, муҳлати татбиқи он 3 сол пешбинӣ гардидааст. Инфрасохтори нав алоқаи нақлиётиро байни маҳаллаҳои аҳолинишин ва дастрасиро ба иншооти иҷтимоию иқтисодӣ беҳтар менамояд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22195
411


