TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21826 408
Муовини вазири маориф ва илм бо духтараки соҳибистеъдод аз вилояти Суғд дидор кард

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо Васлида Сафарзода, духтараки 9-солаи соҳибистеъдод аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ки бо иҷрои сурудҳои ӯзбекӣ, аз ҷумла суруди машҳури «Баригул», таваҷҷуҳи дӯстдорони мусиқиро ҷалб намудааст, мулоқот кард.

Васлида бо назардошти вазъи саломатӣ ба таълими инфиродӣ фаро гирифта шуда, дар баробари таҳсил ба ҳунару мусиқӣ шавқу рағбати зиёд дорад. Зимни мулоқот ба истеъдоди ҳунарӣ, шавқу рағбати духтарак ба мусиқӣ ва имкониятҳои рушди минбаъдаи қобилиятҳои ӯ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дарёфт ва дастгирии кӯдакони соҳибистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва рушди қобилиятҳои онҳо, инчунин ҷалби насли наврас ба фаъолияти эҷодӣ аз самтҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Натиҷаи бунёдкориҳо дар 5 соли охир аз ҷониби сокинону соҳибкорони ҷумҳурӣ 📱 Обуна шавед…
  2. Oct 15, 2026Аз мошини ТИКО-и сохти Узбекистон устоҳои шаҳри Турсунзода мошини барқӣ сохта, бо чархҳои…
  3. Oct 14, 2026Ахбори хотимавии Радиои Тоҷикистон барои имрӯз 14.10.2026 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Т…
  4. Oct 14, 2026Президенти Тоҷикистон вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуданд 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Т…
  5. Oct 14, 2026Муҳаммади Қодиров роҳбари ҶДММ "Талант" Ибрози назари ин соҳибкори тоҷик дар "Рӯзи соҳибко…
  6. Oct 14, 2026Раиси Маҷлиси миллӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Дарвоз дидан карданд Раиси шаҳри Душан…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →