Роҳе, ки ним аср боз таъмир нашудааст
Ронандаҳо роҳи миёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ - Айниро, хатарноктарин роҳ арзёбӣ мекунанд. Ин роҳ ҳудуди 50 сол ба ин тараф таъмир нашудааст. Дарозии роҳи Кӯҳистони Мастчоҳ - Айнӣ, 70 км ҳисоб мешавад, аммо барои ин масофаро бо нақлиёт тай кардан ҳади ақал 5 ё 6 соат вақт сарф мешавад.
Вазъи харобу валангори ин роҳ имкон намедиҳад, ки дар вақти кам аз он убур кард. Сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ - ду ноҳияи аз ҳама дурдастарини Суғд мегуянд, ин роҳ дар вазъи харобу душвор қарор дорад. Ронандаҳое, ки аз ин роҳ мегузаранд, бештар дар бораи шикасту рехти нақлиёти худ изҳор мекунанд.
Ахиран, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон, замони ободшавии роҳро шарҳ дод. Ба гуфти Аҳмадзода, баъди анҷом шудани навсозии роҳи ноҳияи Ашт – Хуҷанд, ки қарор аст, дар соли 2027 оғоз шавад, баъдан таъмири роҳи Кӯҳистони Мастчоҳ – Айнӣ оғоз хоҳад шуд.
Зимнан ин ягона масирест, ки Кӯҳистони Мастчоҳ – яке аз ноҳияҳои картошкапарвари кишварро бо Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ва пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе мепайвандад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21407
419