БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОЗМОИШГОҲИ ТАҲЛИЛИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК ДАР ИНСТИТУТИ КИМИЁИ БА НОМИ И.В. НИКИТИНИ АМИТ
Имрӯз, 28 сентябр ба муносибати ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти кимиёи ба номи И.В. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Озмоишгоҳи таҳлили канданиҳои фоиданок» бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон ба истифода дода шуданд.
Таъкид гардид, ки озмоишгоҳи мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти муосири озмоишӣ таъмин гардидааст.
Қайд гардид, ки дар «Озмоишгоҳи таҳлили канданиҳои фоиданок» бо истифода аз таҷҳизоти муосири таҳлилӣ таҳқиқоти ҳамаҷонибаи таркиби химиявӣ ва элементии ашёи хоми минералӣ ва дигар намунаҳои табиӣ гузаронида мешавад.
Post #30804
61










- 👍 2
- 🙏 1