TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 919 subscribers
Post #16462 52
Харҷи Тоҷикистон барои воридоти гӯшт дар нӯҳ моҳ 60,3 дарсад афзуд

Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 Тоҷикистон беш аз 21,4 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти хӯрокии аз он омодашударо ворид кардааст. Арзиши умумии ин маҳсулот тақрибан 84 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки воридот 52,4 миллион доллар арзиш дошт, 60,3 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон маълумот додааст.

Беларус дар миёни кишварҳои таъминкунандаи Тоҷикистон бо маҳсулоти гӯштӣ дар ҷойи аввал қарор дошта, арзиши воридот аз ин кишвар ба 22,4 миллион доллар баробар шудааст.

Ҳамчунин, аз Қазоқистон ба маблағи 16,2 миллион доллар, аз Украина ба маблағи 6,8 миллион доллар, аз Покистон ба маблағи 4,4 миллион доллар ва аз Ӯзбекистон ба маблағи 2,5 миллион доллар маҳсулоти гӯштӣ ворид шудааст.

Ба ин гурӯҳи маҳсулот гӯшти гов, гӯсфанд, паранда ва дигар маҳсулоти хӯрокии аз гӯшт омодашуда дохил мешаванд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 9, 2026📌 В Душанбе завтра с утра будут перекрыты дороги 🚘❗В Душанбе завтра, 10 октября с 07:00…
  2. Oct 9, 2026⚡️ Барои бунёди НБО-и «Хуталон» дар Тоҷикистон беш аз 2,2 миллиард доллар пешбинӣ шудааст…
  3. Oct 9, 2026🚦 В Бохтаре камеры и радары начали автоматически фиксировать нарушения ПДД 📹 С 5 октября…
  4. Oct 9, 2026Хабару рӯйдодҳои муҳимтарини ҳафтаи охир дар нашри навбатии барномаи “Навиди ҳафт рӯз” аз…
  5. Oct 9, 2026🌐 По инициативе Таджикистана страны СНГ договорились защищать имидж Содружества в интерне…
  6. Oct 9, 2026🇬🇧 Британия готова развивать сотрудничество с вузами Таджикистана 🤝 7 сентября ректор Т…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →