⚡️ Се минтақаи Тоҷикистон дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ нақшаи артишро иҷро карданд
Дар рӯзи аввали маъракаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), шаҳри Бохтар ва ноҳияи Тоҷикобод аз иҷрои нақшаи пешбинишуда хабар доданд.
Тибқи иттилои мақомоти ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъватро 101 дарсад иҷро кардаанд.
Дар Бохтар ва Тоҷикобод низ масъулон хабар додаанд, ки нишондиҳандаи пешбинишуда дар рӯзи аввали маърака 100 дарсад таъмин шудааст.
Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонони синни 18 то 27-сола, яъне шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008, 1 октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард. Он бар асоси фармони Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16281
56