TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 903 subscribers
Post #16093 58
Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ соҳиби ду медали тилло шуд

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ-2026 ду медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд.

Дар риштаи муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров дар вазни то 60 кг намояндаи Узбекистон Фирдавс Отамуродовро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, медали тиллоро соҳиб шуд.

Отабек Раҷабов низ дар вазни 65 кг бар намояндаи Филиппин Жан Клод Саклаг пирӯз шуда, ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.

Медали нуқраро бошад, Беҳрӯз Хуршедзода дар вазни 71 кг ба даст овард.

Бо ин натиҷа, шумораи медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ-2026 ба 4 адад — 2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ расид.

Ин 8-умин медали тиллои Тоҷикистон дар таърихи Бозиҳои осиёӣ ба ҳисоб меравад.

Қаблан Дилшод Назаров (гурзпартоӣ), Ҷаҳон Қурбонов (бокс), Давлат Болтаев (бокс) ва Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) барои Тоҷикистон медалҳои тилло ба даст оварда буданд.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Sep 22, 2026📌 Литва приостановила приём заявлений на работу от граждан Центральной Азии 🇱🇹 Литва пр…
  2. Sep 22, 2026📌 Опыт Таджикистана в сфере цифрового здравоохранения представили в Алматы 💻 Опыт Таджик…
  3. Sep 22, 2026📌 В исторической части Бухары запретят самокаты, рикши и верблюдов 🏛 С 1 октября в истор…
  4. Sep 22, 2026📌 В Вахдате 19-летнего парня подозревают в вымогательстве 🚔 Сотрудники милиции Вахдата з…
  5. Sep 22, 2026📌 Душанбе поднялся на 11 позиций в рейтинге крупнейших городов мира 🏙 Душанбе занял 672-…
  6. Sep 22, 2026📌 Новый посол Швейцарии в Таджикистане вручила верительные грамоты 🇨🇭🇹🇯 22 сентября п…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →