Ваъдаи овардани мошин аз Чин ба қаллобии беш аз 1 млн сомонӣ анҷомид
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавони 24-сола хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, бо ваъдаи овардани мошинҳо аз Чин аз шаҳрвандон маблағ ва молу ашёи қиматбаҳо гирифтааст.
Тибқи иттилои милитсия, гумонбар Денис Назаров, сокини Душанбе, ваъдаҳои худро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст.
То имрӯз беш аз 20 ҳолати эҳтимолии қаллобӣ ошкор шуда, ҳаҷми зарари ба шаҳрвандон расида зиёда аз 1 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Мақомоти милитсия мегӯянд, Назаров қаблан низ барои дуздӣ ва қаллобӣ суд шудааст.
Айни замон нисбат ба ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16087
76