Фурудгоҳ барои меҳмони хориҷӣ нахустин нуқтаи шиносоӣ бо сатҳи хизматрасонии кишвар аст. Дастрасӣ ба симкорти маҳаллӣ ва интернет дар ҳамин ҷо имкон медиҳад, ки сайёҳ бо наздиконаш тамос гирад, меҳмонхона ё нақлиёт фармоиш диҳад ва аз лаҳзаҳои аввали сафар аз хизматрасониҳои рақамӣ истифода барад.
Операторони мобилии Тоҷикистон дар ин самт чӣ имкониятҳо пешниҳод мекунанд? Tcell дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маркази хизматрасонӣ таъсис дода, барои сайёҳон тарофаҳои махсус пешниҳод менамояд. «МегаФон Тоҷикистон» ба шабакаи васеи нуқтаҳои хизматрасонӣ ва интихоби бастаҳо вобаста ба ниёзи муштарӣ такя мекунад. ZET-MOBILE бошад, таҳияи тарофаи махсуси «Сайёҳ»-ро пешбинӣ кардааст.
Бо вуҷуди ин, дастрасии симкорт бевосита дар фурудгоҳ барои муштариёни ҳамаи операторҳо ҳанӯз яксон нест. Расмиёти бақайдгирӣ ва зарурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки ба суръату осонии хизматрасонӣ таъсир мерасонанд.
Чӣ бояд кард, то меҳмон ҳанӯз дар чанд дақиқаи аввали воридшавӣ ба Тоҷикистон ба алоқа ва интернет дастрасӣ пайдо кунад? Чаро ин масъала на танҳо хизматрасонии тиҷоратӣ, балки бахше аз пазироии сайёҳон аст?
📖 Муфассал дар мақолаи «Аз фурудгоҳ дар иртибот»
#Тоҷикистон #Алоқа #Сайёҳӣ #Интернет #Фурудгоҳ #ХизматрасонииРақамӣ #ХадамотиАлоқа #МаҷаллаиАлоқа #АзФурудгоҳДарИртибот #АлоқаиМобилӣ #Симкорт #Сайёҳон #РушдиСайёҳӣ #ИнфрасохториРақамӣ #ФурудгоҳиДушанбе #Tcell #ZETMOBILE #МегаФонТоҷикистон


