TGViewer
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон @khadamotialoqa · 981 subscribers
Post #3469 215

Forwarded from Маҷаллаи "Алоқа"

Аҳамияти Конвенсияи СММ зидди ҷиноятҳои киберӣ барои Тоҷикистон
 

Ҷиноятҳои киберӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир табдил ёфтаанд. Қаллобии интернетӣ, дуздии маблағ аз ҳамёнҳои электронӣ ва дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти шахсӣ зарурати ҳифзи шаҳрвандонро дар муҳити рақамӣ бештар мекунанд.

Ин ҷиноятҳо аксаран хусусияти фаромарзӣ доранд. Ҷинояткор ва ҷабрдида метавонанд дар кишварҳои гуногун бошанд. Аз ин рӯ, ошкор ва таҳқиқи онҳо ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳоро талаб мекунад.

Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ ба тақвияти чунин ҳамкорӣ ва мубодилаи далелҳои электронии марбут ба ҷиноятҳои вазнин равона шудааст. Барои Тоҷикистон ин санад дар густариши имкониятҳои пайгирии ҷиноятҳои фаромарзӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.


Ёдовар мешавем, ки Конвенсия 1 октябри соли 2026 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб гардид, ки дар баробари ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифати рақамӣ ва огоҳии шаҳрвандон аз усулҳои қаллобии интернетӣ низ муҳим аст.

#Тоҷикистон #КонвенсияиСММ #ҶиноятҳоиКиберӣ #АмниятиРақамӣ #МаърифатиРақамӣ #ҲамкорииБайналмилалӣ
  • 👍 10
  • ❤ 1
  • 🔥 1
More from @khadamotialoqa
  1. Oct 14, 202614 октябр дар бинои Кохи Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмо…
  2. Oct 14, 202614 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ишти…
  3. Oct 13, 2026Диққат! Корти бонкӣ, ҳамёни электронӣ ё SIM-корти ба номи худ бақайдгирифташударо ба шахсо…
  4. Oct 12, 2026Ташаккули муҳити бехатар ва боэътимоди истифодаи зеҳни сунъӣ Зеҳни сунъӣ барои рушди иқтис…
  5. Oct 9, 2026Чанд нукта аз дастовардҳои соҳаи алоқа
  6. Oct 9, 20269 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →