TGViewer
Tajikistan Football Federation|Федерация футбола Таджикистана Tajikistan Football Federation|Федерация футбола Таджикистана @fft_official · 9.98K subscribers
Post #66866 895
АЛИШЕР ТӮХТАЕВ: МО БАҲРИ НИШОН ДОДАНИ НАТИҶАҲОИ ХУБ ТАЛОШ МЕКУНЕМ!

🔹 Нисфирӯзии 16 октябр дар меҳмонхонаи "Marriott"-и Кувайт сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ" Алишер Тӯхтаев дар нишасти матбуотии пеш аз бозиҳои марҳилаи гурӯҳи "С"-и Лигаи даъвати КФО-2026/27 иштирок карда, андешаҳои худро чунин баён кард:

- Тайёриҳои мо ба мусобиқа хуб гузашт. Айни замон мо таваҷҷуҳи асосиро ба бозии якум равона намудем. Мекӯшем то даври гурӯҳиро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст карда, дар раддабандии бошгоҳии КФО ба хазинаи Тоҷикистон имтиёз биёрем ва мухлисони худро шод намоем.

🔹 Сипас Алишер Тӯхтаев ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

- "Регар-ТадАЗ" ҳоло садрнишини мусобиқаи дохилист. Дар Лигаи даъват чӣ ҳадафҳо доред?

- Албатта, мо имсол дар арсаи мусобиқоти дохилӣ ҳунарнамоии хуб дорем, аммо Лигаи даъвати КФО аз чемпионати мо фарқ дорад. Ин ҷо дар 7 рӯз бояд 3 бозӣ гузаронем. Инчунин обу ҳаво низ тафовут дорад. Қатъи назар аз ин, мо баҳри расидан ба ҳадафҳои баланд талош мекунем.

- Ҳоло чӣ мушкилиҳои кадрӣ доред?

- Тақрибан мушкилии ҷиддии кадрӣ надорем.

- Дар бораи рақибонатон чӣ гуфта метавонед?

- Мо дар бораи онҳо маълумот дорем. Ин ҷо дар Кувайт гурӯҳи хубе ҷамъ шудааст. Умедворем, ки пагоҳ қадами бобароре ба мусобиқа гузошта, мухлисонро шод мекунем.

🔹 Дар охир сармураббии даста ҳамаи ҳамватанонамонро барои мухлисӣ ва дастгирии тими "Регар-ТадАЗ" дар арсаи байналмилалӣ даъват намуд.
  • 👍 4
  • ❤ 3
  • 🔥 1
  • 🙏 1
  • 💯 1
  • 🤝 1
More from @fft_official
  1. Oct 17, 2026https://www.youtube.com/live/0C-0GkF-Yjc?si=u1b323uS3Wrd0A25
  2. Oct 17, 2026🏆 Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 🇹🇯 Лигаи олӣ. Бозии даври 1️⃣9️⃣-ум «Вахш» 🇹🇯 �…
  3. Oct 17, 2026photo post
  4. Oct 17, 2026ДАСТА БА ВАРЗИШГОҲ ВОРИД ШУД! ⚽ Дастаи «Истиқлол» ба варзишгоҳ ворид шуд. ❤️ 🔷️ 🔷️ 🔷️ К…
  5. Oct 17, 2026❗️ БOЗИҲОИ ДӮСТОНАИ ТИМҲОИ МИЛЛИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ БА РӮЗҲОИ 19 ВА 20 ОКТЯБР ГУЗА…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →